Марди 68-сола ба одамкушӣ айбдор мешавад

Кормандони милитсияи вилояти Суғд як марди 68-соларо бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ӯ пештар барои авбошӣ суд шудааст. Бино ба иттилои ВКД, марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, ки қаблан бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст, бо гумони куштор боздошт гардид. Гумонбар 5-уми апрел дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд бо марди […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кормандони милитсияи вилояти Суғд як марди 68-соларо бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд. Ӯ пештар барои авбошӣ суд шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, ки қаблан бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) суд шудааст, бо гумони куштор боздошт гардид.

Гумонбар 5-уми апрел дар назди меҳмонхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Деваштич вохӯрда, аз сабаби муноқиша бо корди хоҷагӣ ба шикамаш задааст.

Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3-и КҶ ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошад) оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.