Сайругашти Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар боғҳои Душанбе

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 6-уми апрел аз боғҳои пойтахт боздид карда, бо нашъунамои гулу дарахтон шинос шуданд. Зимни боздид раисҷумҳур бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат, . Ӯ […]

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 6-уми апрел аз боғҳои пойтахт боздид карда, бо нашъунамои гулу дарахтон шинос шуданд.

Зимни боздид раисҷумҳур бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат, .

Ӯ дар “Боғи Ирам” иштирокчии бевоситаи барномаи базми гули лола гардид, ки он аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои Боғи Ирам сабт мешуд.

Гуфта мешавад, ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури президент дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.

Раисҷумҳур баъд ази шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.