«Дар канори ҳам»: Коммерсбонк Тоҷикистон барномаи дастгирии оилаҳои муҳоҷиронро роҳандозӣ намуд

Ҳолати марбут ба коронавирус дар Федереатсияи Россия ба вазъи молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ зарбаи ҷонкоҳ зад. Онҳо дар ҳолати “худэминкунӣ аз каронавирус” қарор дошта, аз ин сабаб аксарияташон амалан бекор монда, дар ватан оилаҳои онҳо ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд. Барномаи мазкур маҳз барои дастгирии чунин оилаҳо роҳандозӣ шудааст. – Дар робита ба вазъи […]

Иттилоияи расмӣ

Ҳолати марбут ба коронавирус дар Федереатсияи Россия ба вазъи молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ зарбаи ҷонкоҳ зад. Онҳо дар ҳолати “худэминкунӣ аз каронавирус” қарор дошта, аз ин сабаб аксарияташон амалан бекор монда, дар ватан оилаҳои онҳо ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд. Барномаи мазкур маҳз барои дастгирии чунин оилаҳо роҳандозӣ шудааст.

– Дар робита ба вазъи мавҷуда Раёсати Коммерсбонк Тоҷикистон қарори бесобиқа қабул кард, ки барномаи дастгирии оилаҳоро роҳандозӣ намуда, маблағ ҷудо намояд. Ин маблағҳо бевосита ба кумаки оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, равона мешаванд, – хабар дод Раиси Раёсат Эраҷ Раҷабов.

Барнома аз якчанд марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввали барнома пешниҳод оид ба таъхир гузоштани пардохти қарзи мизоҷоне, ки сарчашмаи даромадашон интиқоли маблағ аст, пешбинӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар мавриди қарзҳои ҷорӣ мизоҷон ба муҳлати 3 моҳ таҳтили қарзӣ гирифта метавонанд. Дар ин муддат мизоҷ аз пардохти фоизҳо аз рӯи қарзи асосӣ озод мешавад. Дар ҳамин ҳол, қайд кардан муҳим аст, ки минбаъд низ ин фоизҳо ситонида намешаванд.

Дар доираи марҳилаи дуюми барнома оилаҳои эҳтиёҷманд барои харидории маҳсулоти мавриди ниёзи аввал – орду равған ва зироати ғалладона, инчунин маводи тиббӣ дар ҳаҷми то 3,0 ҳазор сомонӣ қарз гирифта метавонанд. Ғайр аз ин, ба оилаҳо таъхири пардохт бе гузаронидани фоизҳо бо комиссияи ба сифр баробар пешниҳод мешавад. Дастрас кардани маблағҳо тибқи барномаи дастгирии аҳолӣ бо пули нақд ва дар шакли ғайринақдӣ – бо корт имконпазир аст.

Иқдоми мазкур аз ҷониби яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон пеш аз ҳама, бозгӯи масъулиятнокии муассиса назди ҷомеа ва аҳолӣ, аз ҷумла мизоҷони худ аст.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ дар бораи шарт ва иштирок дар барномаи дастгирӣ метавонед бо телефони рақами (+992) 44 630 8888 ба маркази хизматрасонӣ занг занед ё ба наздиктарин дафтари кории Коммерсбонк Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё дар сомонаи www.cbt.tj дархостро пур кардан мумкин аст.

Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.