Тақвияти зерсохторҳои шабакаи Tcell дар вилоятҳои Суғду Хатлон

11 пойгоҳи заминавии ширкати Tcell дар Суғд ва Хатлон то ба стандарти 3G густариш ёфтанд, ки ин омил фарогирии шабакаи 3G аз Тcell дар ҷумҳуриро бузургтар сохт. Ин пойгоҳҳои такмилёфта ба сокинони Панҷакент, Айнӣ, Ҷиликӯл, Хуросон, Бохтар ва А. Ҷомӣ дастрасӣ ба хадамоти онлайнро фароҳам оварданд. Пойгоҳҳои ҷадиди базавӣ ба сокинони ҷамоатҳо имконияти пайваст шудан […]

11 пойгоҳи заминавии ширкати Tcell дар Суғд ва Хатлон то ба стандарти 3G густариш ёфтанд, ки ин омил фарогирии шабакаи 3G аз Тcell дар ҷумҳуриро бузургтар сохт.

Ин пойгоҳҳои такмилёфта ба сокинони Панҷакент, Айнӣ, Ҷиликӯл, Хуросон, Бохтар ва А. Ҷомӣ дастрасӣ ба хадамоти онлайнро фароҳам оварданд.

Пойгоҳҳои ҷадиди базавӣ ба сокинони ҷамоатҳо имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё сохта,шароити боз ҳам бештареро барои дастрасӣ ба манобеъи гуногун осонтар менамояд.

Бо истифорда аз тарофа ва опсияҳои қулайи «Паёмрасонҳои бемаҳдуд» ва «Шабакаҳои иҷтимоии номаҳдуд» муштариён ҳамеша дар иртибот бо наздикону пайвандон қарор хоҳанд дошт. Тафсилоти бештар дар ин ҷост: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php

Ширкати мухобиротии Tcell, ки авлавияти фаъолияти он таъмин ва дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо фанновариҳои ҷадид мебошад, барои рушди зерсохторҳои шабакавӣ сармоягузориро идома медиҳад.

Тарҳи таҷдид ва тақвияти бузургмиқёси шабака, ки аз сӯи ширкат амалӣ мешавад, такмил додани зерсохторҳои мавҷударо барои пешниҳоди хидматрасонииҳои ҳар чӣ беҳтар ба сокинони кишвар дар назар дорад.  

___________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи

 AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.