Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 24-уми апрел оғоз мешавад

Дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 24-уми апрел фаро мерасад. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои уламо раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт. Аъзои Шӯрои уламо пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дар Маркази исломии Тоҷикистон чунин қарор қабул карданд: – Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ муқаррар […]

Дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 24-уми апрел фаро мерасад. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои уламо раиси он Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор дошт.

Аъзои Шӯрои уламо пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дар Маркази исломии Тоҷикистон чунин қарор қабул карданд:

– Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шавад.

– Бо назардошти вазъи кунунӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.

Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Тақвими моҳи шарифи Рамазон-2020 дар ин матлаби нашркардаи Маркази исломии Тоҷикистон дастрас аст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.