Вазорати маориф: Дар сурати карантин мактабҳо ба реҷаи онлайнӣ ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд

Date:

Дар сурати эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарсҳо барои хонандагон тариқи онлайн ё телевизион гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати маориф маркази фосилавӣ ташкил шуда, ҳамаи барномаҳо барои намоиш  тариқи телевизион омодаанд.

“Агар дар кишвар карантини умумӣ эълон шавад, дарсҳо бо телевизион ё онлайн намоиш дода мешаванд. Барои муассисаҳои таълимӣ барномаи дарсҳо омода аст”, – гуфт манбаъ.

Аз 27-уми апрел то 10-уми май таътили ғайринавбатӣ шудааст ва дарсҳо гузаронида намешаванд.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд карданд, ки айни замон натанҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, балки дар муассисаҳои томактабӣ, курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат, дар марказҳои омӯзишию варзишӣ низ таътил эълон шудааст.

“Дар ҳамаи ин муассисаҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд”, – гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Дар робита ба мактабҳои олӣ зикр шуд, ки масъалаи эълони таътил дар онҳо айни замон дар ситод оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” хабар расид, имрӯз ба донишҷӯёни факултаи филологияи рус, медиа-технология ва рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон эълон карданд, ки реҷаи таълим пурзӯр шуда, анҷом ёфтани дарсҳо то 10-уми май дар назар аст. Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки ин тадбирҳо баҳри пешгирии сироятёбии онҳо роҳандозӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...