Вазорати маориф: Дар сурати карантин мактабҳо ба реҷаи онлайнӣ ё дарсҳои телевизионӣ мегузаранд

Дар сурати эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарсҳо барои хонандагон тариқи онлайн ё телевизион гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати маориф маркази фосилавӣ ташкил шуда, ҳамаи барномаҳо барои намоиш  тариқи телевизион омодаанд. “Агар дар кишвар карантини умумӣ эълон шавад, дарсҳо […]

Дар сурати эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон дарсҳо барои хонандагон тариқи онлайн ё телевизион гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорати маориф маркази фосилавӣ ташкил шуда, ҳамаи барномаҳо барои намоиш  тариқи телевизион омодаанд.

“Агар дар кишвар карантини умумӣ эълон шавад, дарсҳо бо телевизион ё онлайн намоиш дода мешаванд. Барои муассисаҳои таълимӣ барномаи дарсҳо омода аст”, – гуфт манбаъ.

Аз 27-уми апрел то 10-уми май таътили ғайринавбатӣ шудааст ва дарсҳо гузаронида намешаванд.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд карданд, ки айни замон натанҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, балки дар муассисаҳои томактабӣ, курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат, дар марказҳои омӯзишию варзишӣ низ таътил эълон шудааст.

“Дар ҳамаи ин муассисаҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд”, – гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Дар робита ба мактабҳои олӣ зикр шуд, ки масъалаи эълони таътил дар онҳо айни замон дар ситод оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” хабар расид, имрӯз ба донишҷӯёни факултаи филологияи рус, медиа-технология ва рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон эълон карданд, ки реҷаи таълим пурзӯр шуда, анҷом ёфтани дарсҳо то 10-уми май дар назар аст. Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки ин тадбирҳо баҳри пешгирии сироятёбии онҳо роҳандозӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.