Ёддошти Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон дар робита ба нақши сафир дар сериал

Дар робита ба интишори наворҳои силсилафилми телевизионии “Патрул” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон ёддошт (нота) фиристод. “27-уми апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК) ёддошт фиристода шуд”, – омадааст […]

Дар робита ба интишори наворҳои силсилафилми телевизионии “Патрул” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба ВКХ Қазоқистон ёддошт (нота) фиристод.

“27-уми апрел ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК) ёддошт фиристода шуд”, – омадааст дар маълумоти ВКХ ҶТ.

Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Қазоқистон бо назардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо мӯшикофона санҷида шаванд.

Гуфта мешавад, Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзӯъро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сериали қазоқии “Патрул” нашр шуд, ки дар он кормандони милитсия як муҳоҷирро боздошт мекунанд. Ӯ на забони русиро медонаду на қазоқиро. Дар ин филм дастгиршуда ба забони ӯзбекӣ гап мезанад, аммо кормандони милитсия ӯро чун тоҷик қабул карда, ба шуъба мебаранд. Ӯро маҷбур мекунанд, ки деворҳои долонро ранг молида, мошинҳои кормандони милитсияро шӯяд. Дар охири навор маълум мешавад, ки ӯ гӯё сафири Тоҷикистон будаасту роҳ ба сафоратро гум кардааст.

Пас аз пайдо шудани ин видеои таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷикистонӣ бо изҳори норозигии шадид талаб карданд, ки ҳукумати кишвар ба ин масъала расидагӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.