Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия карантин нест, вале ҳарбиёнро баромадан намемонанд

Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ нашудааст, аммо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти пойгоҳ хабар доданд, ҷиҳати роҳ надодан ба сирояти хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави пойгоҳ чораҳои пешгирӣ татбиқ мешаванд. Яке аз тадбирҳо ин аст, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ берун рафтан аз ҳудуди пойгоҳ маҳдуд шудааст. Дар Тоҷикистон […]

Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон карантин ҷорӣ нашудааст, аммо баъзе маҳдудиятҳо амал мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти пойгоҳ хабар доданд, ҷиҳати роҳ надодан ба сирояти хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави пойгоҳ чораҳои пешгирӣ татбиқ мешаванд.

Яке аз тадбирҳо ин аст, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ берун рафтан аз ҳудуди пойгоҳ маҳдуд шудааст.

Дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, шумори беморони илтиҳоби шуш ва фавти одамон аз он меафзояд.

Тибқи маълумоти манбаъҳои мо, якчанд беморхонаҳои пойтахту вилоятҳо ба реҷаи карантин гузаронида шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст: агар дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5192 нафар гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) гардида бошанд, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 5023 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Айни замон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи ин кишвар маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...