Посухи мақомот ба ҷомеаи шаҳрвандӣ: “Вазъи эпидемиологӣ нисбатан ором аст”

Notorturetj.org

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус посух додааст. Дар мактуби ҷавобӣ зикр шудааст, ки вазорат дар масоили пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар посух бо имзои муовини вазир Мирҳамуддин Камолзода гуфта мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст: агар дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 5192 нафар гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) гардида бошанд, дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 5023 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин 1137 нафар беморони сил дар семоҳаи аввали соли равон ба қайд гирифта шудаанд. Ин шумора 1218 ҳолат дар ҳамин давраи соли қаблӣ будааст.

Аз аввали соли равон то охири моҳи март 15 кас мубталои домана шуданд. Аммо дар ҳамин давраи соли гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст.

Дар посухи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маълумот оид ба фавт аз ин бемориҳо оварда нашудааст.

Камолзода зикр кардааст, ки ба Тоҷикистон 46 900 системаҳои тестӣ, аз ҷумла, 23 ҳазор аз Русия, 22 ҳазор аз Чин ва 1900 тест аз Олмон ворид шудааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳамаи ин тестҳо аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд.

Пеш аз ҳама шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки дар онҳо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш аён аст. Дар ин ҳолат илова ба таҳлили озмоишгоҳӣ барои дарёфти сирояти коронавирус, инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам низ ба инобат гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, ҳамаи санҷишҳои шаҳрвандон натиҷаи манфӣ додаанд. То баста шудани хатсайрҳои ҳавоӣ ба хориҷи кишвар, намунаҳои таҳлилӣ барои баҳодиҳии сифати кори озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Новосибирск ва Лондон ба озмоишгоҳҳои референсии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ирсол мешуданд. Ҳамаи онҳо низ натиҷаи манфӣ додаанд.

Баъд аз он, ки сарҳадҳо баставу парвозҳо миёни кишварҳо муваққатан қатъ шуданд, санҷиш танҳо дар Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорат гузаронида мешавад, ки ҷавобгӯйи талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Вазорати тандурустӣ зикр мекунад, ки чунин озмоишгоҳ дар Тоҷикистон як адад аст, бинобар ин, тестҳо аз тамоми минтақаҳо ба ин ҷо фиристода мешаванд.

Дар посухи Вазорати тандурустӣ дар бораи шумораи кормандоне, ки курсҳои махсус оид ба пешгирии сирояти COVID-19-ро гузаштаанд, ҳамчунин оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус миёни аҳолӣ ва ғайра иттилооту рақамҳо оварда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...