Дар “1-ум Советский”-и Душанбе табиб аз илтиҳоби шуш фавтид, – манбаъ

Имрӯз, 24-уми апрел дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе маъруф ба “1-ум Советский” табиб-физиотерапевти 57-сола вафот кард. “Табиб Солиев Фатто Гаппаралиевич фавтид. Ба ӯ қаблан ташхиси илтиҳоби шуш гузошта буданд. Рӯзи душанбе аҳволаш бад шуд ва ӯро аз хонааш ба бемористон оварданд. Маросими дафни ӯ имрӯз соати 15:00 баргузор шуд, аммо ҷасадро кормандони тиббӣ гӯрониданд”, – […]

Имрӯз, 24-уми апрел дар Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе маъруф ба “1-ум Советский” табиб-физиотерапевти 57-сола вафот кард.

“Табиб Солиев Фатто Гаппаралиевич фавтид. Ба ӯ қаблан ташхиси илтиҳоби шуш гузошта буданд. Рӯзи душанбе аҳволаш бад шуд ва ӯро аз хонааш ба бемористон оварданд. Маросими дафни ӯ имрӯз соати 15:00 баргузор шуд, аммо ҷасадро кормандони тиббӣ гӯрониданд”, – хабар дод манбаъи “Азия-Плюс” дар беморхона.

Ин маълумотро ҳамчунин пизишки дигаре, ки дар ҳамин беморхона кор мекунад, тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, табиби ҳалокшуда гӯё хешовандонашро дар яке аз минтақаҳои карантин аёдат кардааст.

“Ӯ дар Маркази тиббии мо кор намекард. Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ, ки дар шаҳраки тиббӣ (Медгородок) ҷойгир аст, сардухтур ё мудири шуъба буд. То ҷое ман медонам, ӯ бо хешовандонаш, ки дар карантин буданд, вохӯрдааст”, – гуфт пизишк.

Сарвари беморхона Хуршед Рустамзода ба хабарнигорони “Азия-Плюс” тавсия дод, ки ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Дар он ҷо ваъда доданд, ки маълумотро санҷида, дертар пешниҳод мекунанд, аммо то ҳол посухе нест.

Ёдрас мекунем, ки тӯли ду рӯз дар ин беморхона аз илтиҳоби шуш 7 нафар вафот карданд. Вазорати тандурустӣ марги 3 каси онҳоро инкор мекунад. Аз бегоҳи 21-уми апрел то рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел дар ин беморхона якбора 4 кас фавтиданд. Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” сарвари он Рустамзода ва чанде баъд Вазорати тандурустӣ ҳам тасдиқ кард. Рӯзи дигар дар ин беморхона боз 3 нафар аз илтиҳоби шуш даргузаштанд. Дар бораи вафоти онҳо ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад дар ин беморхона хабар дод, аммо дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ онро рад кард.

Қаблан дар ҷумҳурӣ чандин ҳодисаҳои марги шаҳрвандон аз илтиҳоби шуш ва бемории сил ба амал омад, ки баъдан наздикону хешовандон ва табибони онҳоро ба карантин гирифтанд.

Ёдрас мекунем, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус изҳор дошт,  ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони мамлакат таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба нашрияи “КоммерсантЪ” изҳор дошт: “Қотеъона тасдиқ наметавон кард, ки дар кишвар ҳолатҳои беморӣ нест”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.