Роҳбари СҶТ дар Тоҷикистон: “Қотеъона тасдиқ наметавон кард, ки дар кишвар ҳолатҳои беморӣ нест”

Намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон Галина Перфилева ба нашрияи “КоммерсантЪ” гуфтааст, ки ташхисҳои озмоишгоҳӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои манфӣ доданд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, “қотеъона тасдиқ наметавон кард, ки дар кишвар ҳолатҳои беморӣ нест”. “Тавре маълум аст, шаклҳои бе аломати гирифторӣ ба COVID-19 низ вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон низ чун дар аксари кишварҳо барои гузаронидани […]

Намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон Галина Перфилева ба нашрияи “КоммерсантЪ” гуфтааст, ки ташхисҳои озмоишгоҳӣ дар Тоҷикистон натиҷаҳои манфӣ доданд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, “қотеъона тасдиқ наметавон кард, ки дар кишвар ҳолатҳои беморӣ нест”.

“Тавре маълум аст, шаклҳои бе аломати гирифторӣ ба COVID-19 низ вуҷуд доранд. Дар Тоҷикистон низ чун дар аксари кишварҳо барои гузаронидани ташхиси тамоми аҳолӣ дар озмоишгоҳҳо имкон нест. Айни замон ташхиси коронавируси нав дар озмоишгоҳи солимии ҷамъиятии Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад. Кормандони он аз давраи омӯзиши махсус гузаштанд ва мо кӯшиш дорем, ки ба онҳо кумак расонем. Ҳамзамон дар мавриди омода кардани озмоишгоҳҳои иловагии махсус корҳо ҷараён доранд. Аз имконоти маҳдуди Тоҷикистон оид ба ташхис ва муолиҷа огаҳем”, – қайд кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Галина Перфилева, моҳҳои феврал-март қисме аз намунаҳои ташхис аз Тоҷикистон барои санҷиши минбаъда ба озмоишгоҳҳои СҶТ дар хориҷа фиристода шуданд. Айни замон бо сабаби қатъи парвози ҳавопаймоҳо, чунин имкон вуҷуд надорад.

“Мо ҳамаҷониба талош дорем, ки маводи ташхисро барои санҷиши дубора фиристем. Аммо барои ин ҳавопаймо лозим аст, ки ба Русия ё Аврупо парвоз кунад. Умед дорем, ки ҳафтаи оянда фиристодани мавод барои санҷиш муяссар мешавад”.

Агар қаблан намунаҳои тасодуфӣ барои санҷиш фиристода мешуданд, айни замон ба гуфтаи Перфилева, “санҷиши намунаҳои манфии озмоишгоҳии бемороне, ки ҳолати вазнини илтиҳоби ғайримаъмулии шуш доштанд, муҳим аст”.

Ёдовар мешавем, ки ахиран дар ҷумҳурӣ чандин нафар аз бемории илтиҳоби шуш вафот карданд.

Ғайр аз ин, Галина Перфилева гуфтааст, СҶТ “ба кишвар барои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии хавфи интиқол ва паҳншавии коронавируси нав тавсияҳо пешниҳод карда буд”.

Ба гуфтаи ӯ, ин тавсияҳо ба таври нокофӣ риоя мешаванд, лекин таҷрибаи интиқоди кишваре барои риоя накардани тавсияҳо дар СҶТ маъмул нест.

“Вазифаи мо кумак ба кишвар аст. Давлат дар назди ҷомеаи байнулмилалӣ уҳдадор аст, ки дар муҳлати 24 соат ба СҶТ дар бораи ошкор шудани COVID-19 хабар диҳад. Бовар дорам, кишвар аз ин талабот огоҳ буда, онҳоро риоя мекунад”, – изҳор доштааст Перфилева.

Аввали моҳи апрел Галина Перфилева дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи “Тоҷикистон” расман изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ сирояти коронавирус сабт нашудааст ва аз аҳолӣ даъват кард, ки гигиенаи шахсиро риоя карда, аз ҳузур доштан дар макони серизидиҳом худдорӣ варзанд.

“Тоҷикистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо байни 53 давлати минтақа ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ман ҳамчун намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон шоҳиди онам, ки дар мамлакати шумо тадбирҳои зиёд барои пешгирии сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ амалӣ мешаванд”, – изҳор дошта буд намояндаи СҶТ.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи оянда СҶТ ният дорад, як ҳайаташро ба Тоҷикистон ва Туркманистон сафарбар кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.