Намояндаи СҶТ: Коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

Тоҷикистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо байни 53 давлати минтақа ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Галина Перфилева, намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи “Тоҷикистон” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи намояндаи СҶТ, имрӯз тамоми ҷаҳон бо ин вируси марговар мубориза мебаранд ва […]

Тоҷикистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо байни 53 давлати минтақа ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Галина Перфилева, намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи “Тоҷикистон” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи намояндаи СҶТ, имрӯз тамоми ҷаҳон бо ин вируси марговар мубориза мебаранд ва роҳҳои асосию дурусти табобати он ҳамчун муаммо то ҳол арзёбӣ мешавад. Ҳар як инсон бояд иттилоъ дошта бошад, ки коронавируси нав хатарнок ва шаклашро ивазкарда мебошад, аз ин рӯ, омӯхта нашудааст.

“Ман ҳамчун намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон шоҳиди онам, ки дар мамлакати шумо тадбирҳои зиёд барои пешгирии сирояти коронавирус ба таври шабонарӯзӣ амалӣ мешаванд. То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор нафар, ки аз кишварҳои хориҷ омадаанд, карантин карда шуданд. Айни замон 4 ҳазор нафари онҳо дар карантин қарор доранд. Ман ин шумораҳоро барои он мегӯям, ки аҳолӣ бояд донад: имрӯзҳо фаъолияти тамоми соҳаи тиб ва дигар сохторҳои масъулшуда вазнин мебошад. То имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифтана нашудааст. Дар масъалаи омодагӣ вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои захира маводи тиббӣ, ниқоб ва тест-системаҳо кӯшиш доранд”, – изҳор дошт Галина Перфилева.

Вай афзуд, ки дар марҳилаи аввали пайдоиши коронавирус ба ғайр аз Хитой ва якчанд давлати дигар, дар ҳеҷ кишвари дунё тест-системаи Covid-19 набуд.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал моҳи феврал ба Тоҷикистон 2000 тест-система ҳамчун кумаки бебозгашт ворид карда шуд. Баъдан 1000 донаи дигар ворид шуд. Бори сеюм бошад аз ҷониби Русия 20 ҳазор тест-система ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки бебозгашт расонида шуд. Ҳамчунин бо иқдоми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Олмон ба Тоҷикистон 1000 адад тест-сиситема кумак карда шудааст.

“Тест-системаҳо танҳо ба шахсони гумонбаршуда гузаронида мешаванд ва аз ин рӯ, таҳлука кардан лозим нест. Бояд донист, ки давраи ниҳоии ин беморӣ аз 2 то 14 рӯзро ташкил медиҳад. Ман аз наздикони нафароне, ки дар Тоҷикистон ба карантин фаро гирифта шудаанд, бисёр хоҳиш мекунам, ки восита шуда, онҳоро аз карантин ба хона набаранд. Имрӯз тамоми ҷаҳон бо паҳншавии босуръати коронавирус, ки дар шакли нав ва хатарнок зуҳур кардааст, мубориза мебарад. Ин набояд боиси ҳангома шаваду аҳолӣ ба таҳлука афтад. Ҳангома кардан ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани хабари бардурӯғ ва беасос ҷиноят аст”, – қайд кард Перфилева.

Намояндаи СҶТ тавсия додааст, ки шаҳрвандон қоидаҳои гигиенаи шахсиро мунтазам риоя кунанд. “То ҷое ман медонам, мардуми тоҷик меҳмоннавозанд ва ҳамдигарро аз рӯйи меҳру самимият ҳангоми салом кардан ба оғӯш мегиранд. Бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хоҳиш мекунам, ки аз ин амалҳо муваққатан худдорӣ кунанд”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.