Телефону пул ва ангуштарӣ: боздошти ғоратгарон дар Душанбе

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро дастгир карданд, ки шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарии одамон машғул буданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ба гумони даст доштан дар ин силсилаҷиноятҳо Фирӯза Тошпӯлодова, зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва М.Б.-и 17-сола, сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, онҳо шабона дар […]

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ду нафарро дастгир карданд, ки шабона дар кӯчаҳои пойтахт ба ғоратгарии одамон машғул буданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар пойтахт, ба гумони даст доштан дар ин силсилаҷиноятҳо Фирӯза Тошпӯлодова, зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва М.Б.-и 17-сола, сокини шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, онҳо шабона дар кӯчаҳои пойтахт шаҳрвандонро думболагирӣ карда, бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ телефони мобилӣ ва маблағҳои пулиашонро тасарруф мекардаанд.

“Аз ҷумла, М.Б. рӯзи 4-уми март дар соҳили дарёи Душанбе шаҳрванд Умед Тешаевро латукӯб ва телефони мобилӣ, ангуштарини тиллоӣ ва як миқдор маблағҳои пулии номбурдаро азхуд мекунад. Ҳамин рӯз ӯ бо ҳамин тарз телефони мобилӣ ва 1180 сомонӣ маблағи пулии сокини пойтахт Абдусамад Шоеевро тасарруф мекунад”, – қайд шудааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, гумонбарон инчунин рӯзи 7-уми март дар кӯчаи Миралӣ шаҳрванд Далер Табаровро низ латукӯб карда, телефони мобилии ӯро ба яғмо бурдаанд.

Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, онҳо дар содир кардани ҳадди ақал 5 ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста шуда, зарари умумӣ 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. М.Б. ва Тошпӯлодова пулҳои гирифтаашонро дар марказҳои дилхушӣ барои истироҳат сарф мекардаанд.

Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 248 КҶ ҶТ (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.