Насби турбина ва генераторҳои нав дар неругоҳи Сарбанд

Корҳои таъмиру навсозии чорумин аз рӯйи иқтидор неругоҳи барқи обии Тоҷикистон – “Сарбанд” идома дорад. Дар ин бора намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР) хабар медиҳад. Ин корҳо аз ҳисоби кумаки бебозгашти БОР дар ҳаҷми 135 млн доллар маблағгузорӣ мешаванд. Дар нерӯгоҳ турбинаву генератор ва дигар таҷҳизоти бештар пурсамару муосир насб шудааст. Дар лоиҳаи таҷдиди ин […]

Корҳои таъмиру навсозии чорумин аз рӯйи иқтидор неругоҳи барқи обии Тоҷикистон – “Сарбанд” идома дорад. Дар ин бора намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР) хабар медиҳад.

Ин корҳо аз ҳисоби кумаки бебозгашти БОР дар ҳаҷми 135 млн доллар маблағгузорӣ мешаванд.

Дар нерӯгоҳ турбинаву генератор ва дигар таҷҳизоти бештар пурсамару муосир насб шудааст.

Дар лоиҳаи таҷдиди ин неругоҳ таъмиру навсозии гидроагрегатҳои 1, 2 ва 5-ум, инчунин аз таъмири асосӣ баровардани гирдроагрегатҳои 3 ва 6-ум пешбинӣ гардида буд.

Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дар назар дошта шудааст, ки амалисозии он соли равон ба итмом мерасад.

НБО Сарбанд соли 1962 дар доираи сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш муваққатӣ ба истифода дода шуда, соли 1966 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тӯли фаъолият дар он 50 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 240 мВт баробар аст. Аммо бо гузашти солҳо иқтидори он тадриҷан камтар шуд ва имрӯз ҳамагӣ 160 мВт-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи иқтидор айни замон НБО Сарбанд пас аз неругоҳҳои Норак (2700 мВт), Сангтӯда (670 мВт) ва Бойғозӣ (600 мВт) дар Тоҷикистон зинаи чорумро ишғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.