Хайринисо Юсуфӣ бо духтараш дар беморхонаи сироятии Душанбе бистарӣ шуданд

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд. Натиҷаи ташхиси онҳо ҳанӯз маълум нест. Бино ба иттилои як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” дар ин беморхона, вазъи Хайринисо Юсуфии 56-сола айни замон муътадил арзёбӣ мешавад. “Ҳар дуи онҳо зери назорати табибон қарор доранд”, – қайд кард манбаъ. Як манбаъи дигар […]

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд. Натиҷаи ташхиси онҳо ҳанӯз маълум нест.

Бино ба иттилои як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” дар ин беморхона, вазъи Хайринисо Юсуфии 56-сола айни замон муътадил арзёбӣ мешавад.

“Ҳар дуи онҳо зери назорати табибон қарор доранд”, – қайд кард манбаъ.

Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” маълумот дод, ки дар ин беморхона ду минтақа вуҷуд дорад: “сабз” ва “сурх”.

“Беморони ҳолаташон вазнинро дар минтақаи “сурх” ва шахсони ҳолаташон муътадилро дар минтақаи “сабз” бистарӣ мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин маълум нест, ки Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар кадоме аз ин минтақаҳо бистарӣ шудаанд.

Дар бораи бистарӣ шудани ӯ чанде пеш расонаҳои дигар ҳам хабар дода буданд.

Радиои Озодӣ ба истинод ба Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми апрел хабар дода буд, ки вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд.

Тамос бо хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд: дар он ҷо касе гӯширо намебардорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 24-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Хайринисо Юсуфӣ то моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт. Айни замон ӯ муовини раиси ҲХДТ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.