Бозорҳои фурӯши либоси Душанбе 10 рӯз фаъолият намекунанд

Date:

Ба ҷуз бозорҳои маҳсулоти ғизоӣ, фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси шаҳри Душанбе ба муддати 10 рӯз қатъ мешавад: дар ин ҷо корҳои безараргардонӣ ҷараён мегиранд.

“Бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз 30 апрел то 10 майи соли ҷорӣ дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либоси шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, рӯзҳои санитарӣ эълон шуда, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ кунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо рӯзҳои охир дар саросари кишвар корҳои пешгирӣ пурзӯр шуда, дар тамоми минтақаҳо чорабиниҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Чанд шабонарӯзи охир дар кӯчаю хиёбон, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нишастгоҳи боғҳо ва ҳавлии хонаҳои баландошёнаи Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва шаҳрҳои дигар корҳои безараргардонӣ ҷараён доранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳамчунин дар Хуҷанд ба пиронсолон тавсия дода шуд, ки бидуни зарурат ба кӯча набароянд.

Дар мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 10-уми май таътили ғайринавбатӣ эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...