Таътили ғайринавбатӣ дар мактабу кӯдакистонҳои Душанбе

Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд, ки аз 27-уми апрел то 10-уми май давом меёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Чунин қарор бо мақсади пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус қабул шудааст: дар ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тӯли ин муддат корҳои безераргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд. Ин дастур ба мактабҳои […]

Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳои пойтахти Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд, ки аз 27-уми апрел то 10-уми май давом меёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Чунин қарор бо мақсади пешгирии эҳтимоли паҳншавии коронавирус қабул шудааст: дар ҳамаи мактабу кӯдакистонҳо тӯли ин муддат корҳои безераргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Ин дастур ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ дахл надорад.

Дар мактабу кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ эълон шудани таътили ғайринавбатӣ алҳол маълум нест.

Чанд шабонарӯзи охир дар кӯчаю хиёбон, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нишастгоҳи боғҳо ва ҳавлии хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон оид ба далелҳои сирояти коронавирус расман хабар дода нашудааст. Лекин мақомот баҳри пешгирии он тадбирҳо меандешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.