Беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд ба карантин баста шуд

Беморхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар он танҳо беморони таъҷилӣ, бо ҷароҳату шикаста ё шахсони ба ҷарроҳии фаврӣ ниёздоштаро қабул мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад хабар дод. Дар шуъбаи бемориҳои шуши беморхона дар ошёнаи 4-ум танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки таби баланд доранд. Айни замон дар бемористон ду […]

Беморхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар он танҳо беморони таъҷилӣ, бо ҷароҳату шикаста ё шахсони ба ҷарроҳии фаврӣ ниёздоштаро қабул мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъи муътамад хабар дод.

Дар шуъбаи бемориҳои шуши беморхона дар ошёнаи 4-ум танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки таби баланд доранд. Айни замон дар бемористон ду нуқтаи қабули беморон амал мекунад: дар яктоаш беморони дорои таби баланд ва дар дигараш беморони таъҷилӣ қабул карда мешаванд.

Раёсати тандурустии вилояти Суғд то ҳол дар ин бора маълумот надода ё изҳороте нашр накардааст.

Манбаъи “Азия-Плюс” илова кард, ки ҳамаи дорухонаҳои гирду атрофи беморхонаи вилоятӣ бо сабабҳои номаълум баста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят ва се шуъбаи сироятии беморхона бо 1030 кат ва 1700 ҷойҳои захиравӣ барои минтақаи карантин омода шудаанд. Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд низ 100 ҷойро барои карантин тайёр кардаанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми апрел муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев хабар дода буд.

То субҳи 24-уми апрел 606 нафар дар минтақаҳои карантини вилояти Суғд қарор доштанд. То ҳамон рӯз пас аз анҷоми муҳлати карантин 2923 кас ба хонаашон ҷавоб дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.