Таътили муваққатӣ дар тамоми Тоҷикистон аз 27-уми апрел то 10-уми май эълон шуд

Имрӯз, 25-уми апрел таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 баргузор гардид. Дар ин ҷаласа қарор қабул шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 25-уми апрел таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа қарор қабул шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ додааст.

"Айни ҳол дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид шудани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад", – қайд кардааст вазорат.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 102175 кӯдак ва 9766 омӯзгор, 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2033900 хонанда ва 124593 омӯзгор, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии 21890 хонанда ва 2305 омӯзгор ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87696 донишҷӯ ва 6381 омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҷамъ 4686 муассиса, 2245661 муҳассилин ва 143045 омӯзгорро ташкил медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.