Дар Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ шуд

Шурӯъ аз 25-уми апрел содироти орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт аз Тоҷикистон манъ аст. Ҳамзамон дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд. Бино ба иттилои торнамои ҳукумати шаҳри Душанбе, дар […]

Шурӯъ аз 25-уми апрел содироти орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт аз Тоҷикистон манъ аст. Ҳамзамон дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

Бино ба иттилои торнамои ҳукумати шаҳри Душанбе, дар ин бора имрӯз, 25-уми апрел зимни ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қарор қабул шуд.

Ҳамчунин бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содироти ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ шудааст.

Ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.

“Айни ҳол дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид шудани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад”, – қайд кардааст Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Чанд шабонарӯзи охир дар кӯчаю хиёбон, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, нишастгоҳи боғҳо ва ҳавлии хонаҳои баландошёнаи Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва шаҳрҳои дигари кишвар корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон оид ба далелҳои сирояти коронавирус расман хабар дода нашудааст, вале мақомот баҳри пешгирии он тадбирҳо меандешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.