Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо шарикони рушд вохӯрд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 24-уми апрел бо намояндагони шарикони рушди кишвар мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ Ҳамоҳангсози кишварии СММ Сезин Синаноғлу, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, роҳбари […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 24-уми апрел бо намояндагони шарикони рушди кишвар мулоқот кард.

Дар ин вохӯрӣ Ҳамоҳангсози кишварии СММ Сезин Синаноғлу, сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ва роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс иштирок карданд.

“Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии он ба кишвар табодули назар карданд”, – хабар додааст ВКХ ҶТ.

Дар ҳамон рӯз конфронси видеоии Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирону консулони генералии Тоҷикистон дар Афғонистон, Покистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия ва Олмон баргузор шуд.

Дар он натиҷаҳои машварати видеоӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, ки 7-уми апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд, баррасӣ шуданд.

Зимнан гузоришҳои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар бораи корҳои анҷомшуда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои марказ шунида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.