Пешниҳоди ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирии COVID-19

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шабакаи занони маъюби Точикистон ба ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои пешгирии сирояти коронавирус изҳори омодагӣ кардаанд. “Дар робита бо вазъи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, бо мақсади риояи чораҳои маҳдуд сохтани хатари интиқоли коронавирус, мо барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ […]

Notorturetj.org

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Шабакаи занони маъюби Точикистон ба ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои пешгирии сирояти коронавирус изҳори омодагӣ кардаанд.

“Дар робита бо вазъи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, бо мақсади риояи чораҳои маҳдуд сохтани хатари интиқоли коронавирус, мо барои ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кишвар омодаем”, – таъкид шудааст дар муроҷиати онҳо ба вазорат.

Бино ба иттилои муаллифони мактуб, “шахсони дорои маъюбиятҳои гуногун, пиронсолон, шахсони гирифтори ВНМО, сокинони деҳоти дурдасте, ки ба технологияҳои муосир, алоқа ва об дастрасӣ надоранд, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошанд”.

“Шахсони маъюб ва одамони гирифтори бемориҳои музмин аксаран масунияти паст доранд ва дар давраи эпидемия ва пандемия, хусусан, COVID-19, хеле осебпазир мебошанд. Нафароне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, сари вақт маълумоти лозимро дастрас карда наметавонанд. Аксари ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мустақиман кор карда, бо онҳо дар тамос ҳастанд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

“Биноан, пешниҳод мекунем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои иҷрои тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва амалисозии чораандешии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани хавфи сирояти бемории COVID-19 силсилатренингҳои муштарак баргузор намоем ва китобчаҳои киссагӣ, видео / аудионавор омода созем. Ҳамчунин омода ҳастем, ки фикру пешниҳодоти шуморо дар бораи фаъолияти муштарак бишнавем”, – навиштаанд муаллифони мактуб.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш кардаанд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар бораи натиҷаи баррасии ин муроҷиатнома ва қарори дахлдори худ дар шакли хаттӣ онҳоро бохабар кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.