Шодӣ Шабдолов: “Тибби тиҷоратӣ бо CОVID-19 муваффақона муқовимат карда наметавонад”

Собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи мусбати мубориза бо коронавирус дар Чину Беларус ва Ӯзбекистон афзалияти самаранокии кори муассисаҳоеро нишон дод, ки ба аҳолӣ бепул ёрӣ мерасонанд. “Тиҷорат дар соҳаи тиб норавост, зеро дар ҳолати пайдо шудани чунин таҳдидҳое ба мисли CОVID-19, нобаробарии иҷтимоӣ ба фалокати глобалии инсоният боис шуда метавонад, чунки на ҳама ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи мусбати мубориза бо коронавирус дар Чину Беларус ва Ӯзбекистон афзалияти самаранокии кори муассисаҳоеро нишон дод, ки ба аҳолӣ бепул ёрӣ мерасонанд.

“Тиҷорат дар соҳаи тиб норавост, зеро дар ҳолати пайдо шудани чунин таҳдидҳое ба мисли CОVID-19, нобаробарии иҷтимоӣ ба фалокати глобалии инсоният боис шуда метавонад, чунки на ҳама ба пардохти хизматрасониҳои тиббӣ имкон доранд”, – гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов.

Ба ақидаи номбурда, дар кишварҳое, ки дар онҳо то ҳол хизматрасонии тиббии бепул боқӣ мондааст, ба ҳама гуна хатарҳои муосир, аз ҷумла пандемияи CОVID-19 муқовимат карда метавонанд.

Сиёсатмадор ҳамчунин дар бораи муносибати кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар мавриди коронавирус изҳори назар кард.

“Иддаои ИМА нисбат ба Чин оид ба масъалаи паҳншавии CОVID-19 дар саросари дунё беасос аст, зеро дар Чин бо аҳолии қариб 1,5 млрд нафар наметавонистанд, ки аз оқибатҳои пандемия бехабар бошанд. Дар даъвоҳои Вашингтон ба Пекин таҳдидҳои молиявӣ ба назар мерасанд”, – афзуд сиёсатмадор.

Ба қавли Шабдолов, пас аз анҷоми пандемияи CОVID-19 иқтисоди ҷаҳон мутобиқи қоидаҳои адолати иҷтимоӣ кор хоҳад кард.

“Дар ин вақт ИМА аз қарздеҳ (кредитор)-и иқтисоди ҷаҳон ба қарзгир (дебитор) табдил меёбад, даъвоҳои Вашигтон ба Пекин сари ҳамин масъала аст”, – мегӯяд ӯ.

Шабдолов мутмаин аст, ки қоидаи ба истилоҳ адолати иҷтимоӣ ба он оварда мерасонанд, ки доллари ИМА дигар асъори ҷаҳонӣ нашуда, ба ивази он евро, рубли русӣ ва юани Чин меоянд.

“Пандемияи CОVID-19 ба саросари дунё самаранокии тибби “таърифшуда”-и ИМА ва долларро нишон дод”, – афзуд сиёсатмадор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.