Озмуни видеоии Tcell: беҳтарин идеяҳои хушгузаронӣ дар замони худҳимоя

Озмуни видеоии «Ҳама дар хона» аз Tcell идома меёбад! Тибқи шартҳои озмун, зарур аст, ки Шумо навори на бештар аз 2 дақиқаиро, ки дар бораи вақтгузаронии хонавода аст ва мавзӯяш маърифатӣ, дар шабакаи Телеграмм бо рақами 93 460 1661 ирсол намоед. Панҷ идеяи беҳтарини креативӣ ва маърифатӣ аз ҷониби ширкати Тсеll бо опсияи «Ютуби бемаҳдуд» […]

Иттилоияи расмӣ

Озмуни видеоии «Ҳама дар хона» аз Tcell идома меёбад! Тибқи шартҳои озмун, зарур аст, ки Шумо навори на бештар аз 2 дақиқаиро, ки дар бораи вақтгузаронии хонавода аст ва мавзӯяш маърифатӣ, дар шабакаи Телеграмм бо рақами 93 460 1661 ирсол намоед. Панҷ идеяи беҳтарини креативӣ ва маърифатӣ аз ҷониби ширкати Тсеll бо опсияи «Ютуби бемаҳдуд» барои 1 сол мукофотонида мешаванд!

 Аз рӯзи эълони озмун – аз 1 майи соли равон, ҳамарӯза Tcell барои ширкат дар он наворҳои зиёде қабул мекунад. Иштирокчиён аз Душанбе, Ёвону Хуҷанд, ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҳатто аз ИМА видео ирсол кардаанд! Ҳар як навор роҳ усулҳои ҷолиб ва муфидро ҳангоми дар хона будан нишон медиҳад. Масалан, Сорохон аз Хуҷанд тарзи ҷаҳидан бо ресмон, Муслиҳиддин аз Ёвон усулу техникаи рақсро тамрин карда, Хатичаи панҷсола ҳамроҳ бо волидайн нонпазиро ёд мегирад. 

Барои иштирок дар озмун шитоб кунед- ба ҷаҳониён нишон диҳед, ки вақти худро дар хона чӣ тавр мегузаронед! Озмун то 01 июни соли 2020 идома меёбад.

Ҳамаи наворҳо дар саҳифаи расмии Tcell дар YouTube: https://www.youtube.com/user/TcellTJ гузошта мешаванд.

Бо шартҳои озмуни видеоии "Ҳама дар хона" дар ин ҷо шинос шуда метавонед: https://www.tcell.tj/content/news/video/

______________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.