Бо қарори ҳукумат муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода аз мансабаш озод шуд.
Тавре дар сомонаи президент хабар дода мешавад, ӯ сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд.
Собиқ сардори ин Хадамот Хуршед Қурбонзода бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазифааш озод карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10 майи соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои молия ва иқтисоди кишвар фаъолияти раҳбарияти ин Хадамотро барои ба таври бояду шояд назорат накардани ҳолати нигаҳдории роҳҳо мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Сарвари давлат он замон қайд кард, ки тариқи ин роҳҳои автомобилгард, ки бо қарзҳои бисёрмиллионӣ таъмиру навсозӣ шудааст, ба гузаштани мошинҳои боркаши бузургҳаҷм бо вазни беш аз 80 тонна иҷоза дода мешавад, ки ба хеле зуд вайрон ва фарсудашавии роҳҳо оварда мерасонад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода супориш дод, ки ба ин масъала масъулияти бештар зоҳир шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.