spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро табрик ва онҳоро “сипари боэътимоди давлат” номид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро бо ҷашни Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик таҳният гуфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар табрикоти худ Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад.

“Имрӯз онҳо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд ва дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро карда истодаанд”, – омадааст дар табрикоти президент.

Сарвари давлат қайд кардааст, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри Тоҷикистон ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Суғд: Раҳпаймоии 20 ҳазор нафар дар ҷашни Рӯзи ҷавонон

“Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон дар табрикот.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир аз ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.

“Эътимоди комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу давлат, сулҳу субот ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллиамон саҳми худро дареғ намедоранд”, – таъкид доштааст Сарвари давлат.

Инчунин президент изҳори бовар кардааст, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азиз минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...