Ҳайати СҶТ: Авҷи беморӣ дар Тоҷикистон ҳоло дар пеш аст

Дар ҷараёни брифинги Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) роҳбари ҳайати Созмон дар Тоҷикистон Патрик О.Коннор оид ба натиҷаҳои кори он изҳор дошт, ки ба вазъияти бадтари паҳншавии коронавирус омода шудан лозим аст. “Тоҷикистон ба марҳилаи паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ ворид шуда, дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад”, – хабар дод […]

Дар ҷараёни брифинги Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) роҳбари ҳайати Созмон дар Тоҷикистон Патрик О.Коннор оид ба натиҷаҳои кори он изҳор дошт, ки ба вазъияти бадтари паҳншавии коронавирус омода шудан лозим аст.

“Тоҷикистон ба марҳилаи паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ ворид шуда, дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад”, – хабар дод ӯ.

Вай афзуд, ки авҷи беморӣ ҳоло дар пеш буда, шумори беморон рӯз то рӯз зиёд мешавад.

“Чораҳои пайгирӣ, инчунин карантин / ҷудо нигоҳдории алоқаҳои имконпазири шахсони сироятёфтаро пешбинӣ карда, мувофиқи имкон равуо дар шаҳрро маҳдуд сохтан лозим аст”, – тавсия дод О.Коннор.

Намояндагони СҶТ тавсия доданд, ки имконоти озмоишгоҳҳо афзуда, шумори ҳарчи бештари одамон аз тест гузаронида шаванд, зеро ҳамагӣ як озмоишгоҳ барои Тоҷикистон нокофист.

“Дар Тоҷикистон айни замон 44 ҳазор тест аз Русия, Чин ва Олмон оварда шудааст. То имрӯз 7700 нафар аз тест гузаронида шуданд”, – хабар дод муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Ғайрат.

Муовини дигари вазири тандурустии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед дар навбати худ қайд кард, ки барои беҳтар шудани ошкорсозии коронавирус ба ҷуз тест, томографияи компютерӣ ва ташхиси хун низ ҳатмӣ мебошад.

Дар посух ба суоли “Азия-Плюс”, ки “оё ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бовар мекунед?”, намояндаи СҶТ чунин посух дод:

“Маълумот пеш аз расидан ба вазорати тандурустӣ, аз якчанд сатҳ мегузарад. Вазъият хеле зуд тағйир меёбад, вале маълумоти оморӣ имкон дорад, ки саривақт пешниҳод нашавад”.

Ҳамчунин зикр шуд, ки иттилооти омори мардумӣ дар бораи марги одамон ба гумони коронавирус дар сомонаи kvtj.info омӯхта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...