Вазорати маориф ба омӯзгорон: Агар маошатонро ба таъхир андозанд ё надиҳанд, ба мо муроҷиат кунед

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ба фонди мубориза бо коронавирус равона шудани қисме аз музди меҳнати омӯзгорон маълумот нашр шуд. “Азия-Плюс” бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар маркази матбуоти Вазорат изҳор доштанд, ки дар ин хусус аз ҷониби ин ниҳод ҳеҷ амру дастур […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ба фонди мубориза бо коронавирус равона шудани қисме аз музди меҳнати омӯзгорон маълумот нашр шуд. “Азия-Плюс” бо мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар маркази матбуоти Вазорат изҳор доштанд, ки дар ин хусус аз ҷониби ин ниҳод ҳеҷ амру дастур содир нашудааст.

“Ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар муроҷиат карда, гуфтанием, ки агар маоши шуморо надоданд ё қисме аз онро барои мубориза бо коронавирус нигоҳ доштанд, хоҳиш мекунем, ба телефони боварии Вазорат: 227-76-86 занг занед”, – хабар дод котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки маблағ барои маоши муаллимон ва кормандони соҳаи маориф на аз ҷониби Вазорати маориф, балки аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҷудо карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз омӯзгорон дар бораи пардохт нашудани музди меҳнат ё қисме аз он ба Вазорат ягон арзу шикоят ворид нашудааст.

“Маҳз барои ҳамин мо қаблан эълон кардем, ки музди меҳнати омӯзгорон пурра пардохт мешавад”, – таъкид дошт Эҳсони Хушбахт.

Як манбаъ аз Вазорати маориф дар ин робита зикр кард, ки масъалаи вобаста ба маоши омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро шахсан вазир назорат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.