Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтоён аз СҲШ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 13-уми май дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли конфронси видеоӣ иштирок мекунад. Дар ин бора ВКХ ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад. Зимни мулоқот ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи Созмон баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар шароити пандемияи сирояти […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз, 13-уми май дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли конфронси видеоӣ иштирок мекунад. Дар ин бора ВКХ ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷараёни омодагӣ ба чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи Созмон баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масоили вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар шароити пандемияи сирояти нави коронавирус табодули назар мекунанд.

Вазирон масъалаи мусоидат ба эътидоли вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро ҷудогона баррасӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 12-уми май ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити ҳамагирии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус қайд карданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт.

Дар суханронии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.

Гуфта мешавад, аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа, ки таҳти раёсати Ӯзбекистон барпо шуд, 11 санад ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио