Рухсатии сарбозони артиши Тоҷикистон бекор шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рухсатии сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбиро муваққатан манъ кардааст. Ба онҳо дидорбинӣ бо наздикон ҳам иҷоза нест. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, мақсад аз қабули чунин қарор ҳифзи солимии сарбозон ва афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, хизматчиёни ҳарбии кишвар дар баргузории корҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рухсатии сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбиро муваққатан манъ кардааст. Ба онҳо дидорбинӣ бо наздикон ҳам иҷоза нест.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, мақсад аз қабули чунин қарор ҳифзи солимии сарбозон ва афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, хизматчиёни ҳарбии кишвар дар баргузории корҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, қариб ҳамарӯза дар бинои воҳидҳои низомӣ, иқоматгоҳу ошхонаҳо ва дигар иншооти қисмҳои низомӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

“Танҳо давоми ду рӯзи охир ихтиёриёни мо наздики 5 ҳазор дона ниқобҳоро дар кӯчаву хиёбон ва боғҳои Душанбе бепул ба аҳолӣ тақсим карданд”, – гуфт подполковник.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.