Маблағи суратҳисоби хайрияи Вазорати молия ба 6 млн сомонӣ расид

Ба суратҳисоби хайрияи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 12-уми май наздики 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар маблағ ворид шудааст. Дар ин бора котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд. Тибқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба суратҳисоби хайрияи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия бозшуда то 12-уми май наздики 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар маблағ ворид шудааст. Дар ин бора котиботи Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин маблағҳо ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои хароҷот баҳри роҳандозии тадбирҳои мубориза бо пандемияи коронавирус супорида мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳамчунин ниҳодҳои молии байнулмилалӣ кумак мекунанд. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ 11,5 миллион доллар барои вокуниш ба хатари пандемияи COVID-19 ҷудо мекунад. Ин маблағ барои харидории маҷмӯи тестҳо, воситаҳои муҳофизат ва омӯзиши кормандони тиббӣ масраф мешавад.

Ҳамчунин дар Вазорат қарзи бефоизи 189,5 миллион долларро зикр карданд, ки рӯзи 6-уми май аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор тасдиқ шуд. Он ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет дар робита ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ёдрас мекунем, ки суратҳисобҳои хайрия аввали моҳи апрел “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” кушода шуданд. Суратҳисобҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ боз шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то 12-уми май дар Тоҷикистон 729 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 23 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.