Забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз, 13-уми май дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе забоншиноси маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.  “Ба ман аз беморхона арӯси хонадони Устод Камолиддинов занг зада, аз даргузашти ӯ хабар дод. Устод тӯли як ҳафта дар беморхона бистарӣ буданд ва натавонистанд, қисмати вазнини бемориро паси сар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 13-уми май дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе забоншиноси маъруфи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. 

“Ба ман аз беморхона арӯси хонадони Устод Камолиддинов занг зада, аз даргузашти ӯ хабар дод. Устод тӯли як ҳафта дар беморхона бистарӣ буданд ва натавонистанд, қисмати вазнини бемориро паси сар кунанд. Ҳамчунин дирӯз аз ин беморӣ духтари 52-солаи Устод низ вафот кард”, – гуфт ба “Азия-Плюс” Мушаррафа Ҷӯраева, ҳамкор ва шогирди Баҳриддин Камолиддинов.

Баҳриддин Камолиддинов 8-уми октябри соли 1935 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. 

Фаъолияти омӯзгории ӯ баъд аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш.Конибодом (1953) ба ҳайси муаллими забону адабиёти мактаби деҳаи Сарои ноҳияи Ашт оғоз ёфтааст. Соли 1959 факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба вазифаи муаллими кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1991 соҳиби унвони профессор шудааст.

Солҳои 1992-1994 ба ҳайси проректори таълими донишгоҳ, солҳои 1994-2011 дар вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият кардааст.

Профессор Баҳриддин Камолиддинов муаллифи асарҳои илмии “Ҳаким Карим” (1965), “Забон ва услуби Ҳаким Карим” (1967), “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986), “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” (2012), ҳаммуаллифи грамматикаи илмии академиявии забони тоҷикӣ (1985, 1989), “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003); муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (1973, ба забони дарӣ 1978, 1985), “Маҷмӯаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (ҳаммуаллиф, 1976, 1981), “Услубшиносӣ” (1995, ҳаммуаллифи китоби дарсӣ барои хонандагони синфҳои 10-11), “Ҳусни баён” (1989), “Хусусияти услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992), “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001, 2015), “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005), “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007), “Сухан гуфтию дурр суфтӣ ё рӯ ба рӯ бо микрофон” (2007), “Забони тоҷикӣ” (2007, 2015, китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11), “Наҳви забони тоҷикӣ” (2010, китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ), “Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул” (2014, 2015) ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ аст.

Барои меҳнати пурсамараш бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1956, 1958), бо унвонҳои фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, бо нишонҳои Комёбиҳои беназир дар таълими мактабҳои олии СССР ва Аълочии маорифи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба хешовандону пайвандон ва шогирдони сершумори Устод изҳори ҳамдардии амиқ мекунад. Ҳамчунин ба келини хонадони Баҳриддин Камолиддинов – Манижа Аҳмадова, сарвари Радиои “Азия-Плюс” арзи таслият мекунем.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио