Коронавирус дар Тоҷикистон: 907 нафар бемор шуда, 29 кас фавтиданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 14-уми май дар мамлакат 907 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 29 кас бар асари он фавтидаанд. Шабонарӯзи охир 106 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз то кунун […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 14-уми май дар мамлакат 907 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 29 кас бар асари он фавтидаанд.

Шабонарӯзи охир 106 ҳолати нави бемории Covid-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин маълумоти расмӣ аз оғози эълони мавҷудияти коронавирус дар кишвар аст. Аз шоми дирӯз то кунун 6 кас вафот кардаанд.

Ҳамзамон то имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 403 кас баъд аз шифо ёфтан аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Қаблан намояндагони ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки ба Тоҷикистон омада буданд, изҳор доштанд: “Дар муддати ҳар се рӯз тамоюли ду баробар афзудани шумори сироятёфтагон ба назар мерасад. Авҷи беморӣ дар кишвар ҳанӯз дар пеш буда, шумори беморон рӯз то рӯз меафзояд”.

Роҳбари ҳайати СҶТ Патрик О’Коннор дар ҷараёни брифинги онлайнӣ гуфт: “Бо назардошти зуд паҳн шудани коронавирус, тадбирҳое, ки дар давоми рӯзҳои минбаъда амалӣ мешаванд, барои наҷоти ҳаёти одамон нақши асосӣ хоҳанд дошт”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.