Даргузашти собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон

Собиқ муовини сарвазири кишвар, собиқ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Абдураҳмон Азимов шоми 15-уми май аз бемории дил дар синни 70-солагӣ вафот кард. Маросими ба хок супурдани ҷасади генерал рӯзи 16-уми май баргузор шуд. Абдураҳмон Азимов […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ муовини сарвазири кишвар, собиқ фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Абдураҳмон Азимов шоми 15-уми май аз бемории дил дар синни 70-солагӣ вафот кард.

Маросими ба хок супурдани ҷасади генерал рӯзи 16-уми май баргузор шуд.

Абдураҳмон Азимов 10-уми январи соли 1950 дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 1980 ба хизмати ҳарбӣ оғоз кард.

Давоми кор Азимов ба ҳайси корманди Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон, ёвари раиси Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон (солҳои 1993-1996), котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ифои вазифа кардааст.

Аз соли 1996 то соли 1999 дар мансаби муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Ғайр аз ин, Азимов вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.