Намози Иди Рамазон дар Тоҷикистон баргузор намешавад

Дар Тоҷикистон имсол намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон баргузор намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд. “Бар асари коронавирус имсол намози дастаҷамъонаи иди Рамазон баргузор намешавад. Намоз тариқи онлайн ҳам доир намегардад, зеро чунин амал дар мазҳаби ҳанафӣ иҷоза дода нашудааст”, – гуфт сухангӯйи Кумитаи […]

Дар Тоҷикистон имсол намози дастаҷамъонаи Иди Рамазон баргузор намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

“Бар асари коронавирус имсол намози дастаҷамъонаи иди Рамазон баргузор намешавад. Намоз тариқи онлайн ҳам доир намегардад, зеро чунин амал дар мазҳаби ҳанафӣ иҷоза дода нашудааст”, – гуфт сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Ӯ илова кард, ки раиси Шӯрои уламо гуфтааст, мувофиқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, дар Иди Рамазон мусалмонон бояд барои намози ид сарҷамъ оянд ва намози онлайн намози дастаҷамъӣ (ҷамоат) ҳисобида намешавад.

“Рӯзи дақиқи Иди Рамазон 20-уми май эълон мешавад. Яқинан он рӯзи 24-уми май хоҳад буд”, – иттилоъ дод Афшин Муқим.

Мутобиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзи Иди Рамазон дар ҷумҳурӣ истироҳат эълон шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламо, имсол дар моҳи шарифи Рамазон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои серодам, аз қабили намозҳои панҷвақта дар масҷидҳо, ифтору идгардак ва ғайра манъ шуд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки ҷашни бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад. 

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни Ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини Ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.