Дар шароити коронавирус Тоҷикистон савдои хориҷиро афзуд

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон 1 млрд 632 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,5% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, касри гардиши савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) ба 520 млн доллар расидааст. Тӯли 4 моҳи соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asua-Plus

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон 1 млрд 632 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, касри гардиши савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) ба 520 млн доллар расидааст.

Тӯли 4 моҳи соли равон ба маблағи наздики 558 млн доллар молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 74,4% ё худ 238 млн доллар бештар мебошад.

Маҳсулоти Тоҷикистон имсол асосан ба Швейтсария, Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.

Асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, ангишт, неруи барқ), газвор ва маснуоти нассоҷӣ, металлҳои арзон ва маснуот аз он содирот шудааст.

Воридоти маҳсулот дар чор моҳи ҳамин сол ба маблағи беш аз 1 млрд 78 млн доллар сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 % ё худ 63 млн доллар бештар аст.

Дар ин давра ба Тоҷикистон асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин молу маҳсулот ворид карда шудааст.

Маҳсулоти воридотӣ аз маҳсулоти минералӣ, газворҳои нассоҷӣ, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти растанӣ (9,5%) ва ғайра иборат аст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳаҷми савдои дуҷониба $350 млн), Қазоқистон ($338 млн), Швейтсария ($306 млн), Чин ($157 млн), Туркия ($120 млн) ва Ӯзбекистон ($102 млн) ба шумор мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.