Роҳи “Корвон”-ро бастанд. Лекин мо чӣ хел ба он ҷо рафтанро медонем (ХАРИТА)

Шурӯъ аз 10 июн роҳи кӯчаи Южная (Ҷанубӣ) аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр барои таъмир баста шуд. Микроавтобус (маршрутка)-ҳо акнун ба бозор намераванд. Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки самти ҳаракати маршруткаҳои №52 ва №33, ки қаблан аз ҳамаи қисматҳои бозор мегузаштанд, тағйир дода шуд. Ин маршруткаҳо […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шурӯъ аз 10 июн роҳи кӯчаи Южная (Ҷанубӣ) аз саршавии бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр барои таъмир баста шуд. Микроавтобус (маршрутка)-ҳо акнун ба бозор намераванд.

Аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки самти ҳаракати маршруткаҳои №52 ва №33, ки қаблан аз ҳамаи қисматҳои бозор мегузаштанд, тағйир дода шуд. Ин маршруткаҳо ҳозир то қисмат (сексия)-и 7-уми бозор мераванд, ки ин ҷо истгоҳи охирини онҳо мебошад.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Инак, имрӯз чӣ гуна метавон то бозори “Корвон” расид? Ба харитаи мо бингаред:

Дирӯз баъди танаффуси якуниммоҳа ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии кишвар, аз ҷумла бузургтарин бозор – “Корвон” низ фаъолияташонро барқарор карданд. Мо ба он ҷо рафта, бо вазъи бозор пас аз таваққуфи тӯлонӣ аз наздик шинос ва бо савдогарону харидорон ҳамсуҳбат шудем: гузориши видеоӣ инҷост.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.