Баррасии тағйироти ҷорисозии ҷарима барои риоя накардани “реҷаи ниқобпӯшӣ” дар Маҷлиси миллӣ

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки рӯзи 26 июн баргузор мешавад, тасдиқ кард. Дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дохил шудааст, ки мувофиқи он барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷаримаҳо ҷорӣ шуда метавонанд. Барои ниқоб напӯшидан дар ҷойҳои […]

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки рӯзи 26 июн баргузор мешавад, тасдиқ кард.

Дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дохил шудааст, ки мувофиқи он барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷаримаҳо ҷорӣ шуда метавонанд.

Барои ниқоб напӯшидан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин риоя накардани масофаи байни ҳамдигар то ду метр, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ҳаҷми ҷаримаҳоро аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ муқаррар кард.

Ғайр аз ин, тибқи тағйироту иловаҳо, барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва баръало бардурӯғ тариқи ВАО дар бораи пандемия аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст.

Баъди аз ҷониби палатаи болоии парлумон баррасӣ ва тасдиқ гардидани тағйироту иловаҳо, онро бояд президенти Тоҷикистон ба имзо расонида, сипас дар ВАО-и давлатӣ нашр шавад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев бар ин назар аст, ки ҷорӣ кардани ҷарима барои риоя накардани реҷаи ба истилоҳ “ниқобпӯшӣ” метавонад ба “шикорҳо”, сирояти дигарон ва ба вуҷуд омадани заминаи иловагӣ барои коррупсия боис гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.