Пулҳои аз Фаронса ба Ӯзбекистон бозгаштаи Гулнора Каримова ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ сарф мешавад

Мақомоти Ӯзбекистон 10 млн доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардониданд. Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ин маблағҳо ба буҷаи давлат интиқол дода шуда, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Ӯзбекистон рӯзи 15 […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ӯзбекистон 10 млн доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардониданд.

Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ин маблағҳо ба буҷаи давлат интиқол дода шуда, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Ӯзбекистон рӯзи 15 июн изҳори назар кардааст.

Вай гуфтааст, аз ҷараёни харҷи дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова сокинонро мунтазам огоҳ хоҳанд кард.

Уринбоева илова кардааст, ки мақомоти Ӯзбекистон феълан барои баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова дар ҳаҷми 1,3 млрд доллари дигар аз кишварҳои хориҷ талош доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.