Пешниҳоди кумаки башардӯстона ба беморхонаи шаҳри Хоруғ

Агентии Оғохон оид ба макони зист ба беморхонаи шаҳри Хоруғ кумаки башардӯстонаро иборат аз доруворӣ ва таҷҳизот барои ҳолатҳои фавқулодда, ки арзиши умумиаш 255 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рӯзи 4-уми июл тақдим кард. Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси ВМКБ, кумаки башардӯстона аз 10 гармкунаки обӣ, 5 яхдон, 10 кондитсионер, 3 оташдон ва 15 чойники электрикӣ, инчунин 424 дона […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Агентии Оғохон оид ба макони зист ба беморхонаи шаҳри Хоруғ кумаки башардӯстонаро иборат аз доруворӣ ва таҷҳизот барои ҳолатҳои фавқулодда, ки арзиши умумиаш 255 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, рӯзи 4-уми июл тақдим кард.

Тибқи иттилои маркази матбуоти раиси ВМКБ, кумаки башардӯстона аз 10 гармкунаки обӣ, 5 яхдон, 10 кондитсионер, 3 оташдон ва 15 чойники электрикӣ, инчунин 424 дона матрас, кӯрпаҳои ғафс, болишту ҷиҳози хоб ва 75 дона кӯрпаҳои борики тобистона иборат буд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маводу таҷҳизоти мазкурро қабул карда, гуфт: “Мо аз дастгирии самаранок ва давомдори Агентии Оғохон оид ба макони зист миннатдорем. Он кумак ва дастгириҳое, ки аз вақти сар задани ин вируси сироятӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда шуданд, ҳаёти бисёр одамонро наҷот доданд. Кормандони тиб бе ягон маҳдудият ва дар муҳити бехатар бо маводи муҳофизатии инфиродӣ, ки ҳамчунин аз ҷониби ин агентӣ таъмин шуданд, маризонро ташхис ва табобат карданд”.

Дар чорабинии тақдими мавод сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров иброз дошт: “Он кумак ва дастгириҳое, ки аз тарафи Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таъмин гардиданд, дар мубориза бо сирояти коронавирус самаранок истифода шуда истодаанд”.

Гуфта мешавад, ки Агентии Оғохон оид ба макони зист ва дигар оҷонсиҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд дар саросари мамлакат бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, инчунин Раёсати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ барои маҳдудсозии таъсири пандемия ба саломатии мардум ва иқтисод фаъолият карда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.