Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори фавтидагон 1 нафар афзуд

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 54 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ва 1 ҳолати фавт аз он ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 213 нафар расид. Шабонарӯзи охир боз 1 ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон […]

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 54 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ва 1 ҳолати фавт аз он ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6 ҳазору 213 нафар расид.

Шабонарӯзи охир боз 1 ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт шуда, ҳамин тариқ теъдоди умумии фавтидагон аз коронавирус 53 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, то 5-уми июл 225 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 кас баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Теъдоди умумии шифоёфтагон 4 ҳазору 858 (78,2%) нафарро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми июл раисҷумҳур тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро имзо кард. Дар торнамои сарвари давлат гуфта шудааст, ки ин тағйиру иловаҳо “ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд”.

Барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷорӣ мешавад.

Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Тағйиру иловаҳо пас аз нашр дар васоити ахбори умуми давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.