Сӯхтор дар беморхонаи Кӯлоб ва анбори масолеҳи сохтмони Душанбе

Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу насби таҷҳизоти обгармкунанда (термекс) субҳи 4-уми июл дар болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса 3 нақлиёти оташнишонии […]

Дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу насби таҷҳизоти обгармкунанда (термекс) субҳи 4-уми июл дар болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров, воқеъ дар маҳаллаи Борбад 4-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса 3 нақлиёти оташнишонии шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ болопӯши бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ дар масоҳати 9 метри мураббаъ месӯхт.

“Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ роҳҳои паҳншавии оташ пешгирӣ шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд. Ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи хулосаи коршиносони соҳа, гунаҳгори ҳодиса ширкати «Сохтмони махсус»-и шаҳри Кӯлоб Муродалӣ Ғуломов мебошад. Зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.

Ҳодисаи дигари сӯхтор низ субҳи 4-уми июл дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии бинои навбунёди мактаб, воқеъ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба амал омад.

Гуфта мешавад, ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва гурӯҳи хадамоти навбатдори оташнишонии Сарраёсат сафарбар карда шуданд. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмониро дар масоҳати 20 метри мураббаъ оташ ва дуди ғализ фаро гирифта буд.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамот роҳҳои паҳншавии оташ пешгирӣ шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар муддати кӯтоҳ хомӯш карда шуд. Ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст”, – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Бино ба иттилои коршиносони соҳа, сабаби сӯхтор пошхӯрии шарораҳо ҳангоми истифодаи асбоби барқии «Балгарка» буда, гунаҳгори ҳодиса коргари ширкати «Балх-2015» Беҳзод Қурбонов мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.