Бар асари пандемия 40%-и муҳоҷирон дар Русия бекор монданд

Date:

Дар Русия аз коронавирус бештар муҳоҷирон осеб диданд: замони пандемия 40%-и шаҳрвандони хориҷӣ бекор монданд. Дар ин бора "Коммерсантъ" хабар медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои назарпурсии Академияи хоҷагидорӣ ва хизмати давлатии Русия (РАНХиГС), дар мавриди корро аз даст додани русиягиҳо он ҳамагӣ ба 23%-и пурсидашудагон дахл доштааст.

Бо назардошти кормандоне, ки маҷбурӣ ба рухсатӣ рафтанд, ҳиссаи муҳоҷирони даромадашонро аздастдода 75% ва русиягиҳо – 48%-ро ташкил медиҳад. Дар Маскав 76% муҳоҷирон ва 43% сокинони маҳаллӣ бекор мондаанд ё ба рухстии бемузд баромадаанд.

Даромади ҳамагӣ 19%-и муҳоҷирон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) тағйир наёфта ё зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, 51%-и муҳоҷирон дар Русия ва 54%-и муҳоҷирон дар Маскав изҳор доштаанд, ки ки “ҳамаи сарчашмаҳои даромадро аз даст додаанд”. Дар мавриди сокинони маҳаллӣ ин нишондиҳандаҳо дар саросари Русия ба 27% ва дар шаҳри Маскав ба 30% баробар аст.

Маълум шудааст, ки қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ (38% дар Маскав ва 42% дар саросари Русия) пулҳои амонат доранд, лекин он танҳо ба муҳлати кӯтоҳ кифоя буда, танҳо 10% муҳоҷирон дар Русия ва 8% дар Маскав тавонистаанд бо ин маблағ карантини семоҳаро паси сар кунанд.

Дар марҳилаи аввали карантин пешгӯйиҳо бисёр буданд, ки бо аз даст додани кор ва имкони бозгашт ба ватан надоштан, муҳоҷирон ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Тавре нашрияи “Ведомости” менависад, ин пешгӯйиҳо тасдиқ нашуданд.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, нисбат ба моҳи апрели соли гузашта моҳи апрели имсол шумори ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда 9,6%, аз ҷумла куштор – 14,3%, роҳзанӣ – 7,8%, ғоратгарӣ – 28,6% ва дуздӣ – 5,9% кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...