Қазоқистон ба Тоҷикистон дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мефиристад

Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад. Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, ин маълумотро зимни брифинг дар хадамоти коммуникатсияҳои марказӣ муовини вазири тандурустии ин кишвар Людмила Бюрабекова тасдиқ кардааст. Қаблан рӯзноманигор Ерканат Копжасарули изҳор дошта буд, ки ҳукумати Қазоқистон барои харидории 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷиҳати ирсол […]

Asia-Plus

Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад.

Бино ба иттилои хабаргузории Фергана, ин маълумотро зимни брифинг дар хадамоти коммуникатсияҳои марказӣ муовини вазири тандурустии ин кишвар Людмила Бюрабекова тасдиқ кардааст.

Қаблан рӯзноманигор Ерканат Копжасарули изҳор дошта буд, ки ҳукумати Қазоқистон барои харидории 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷиҳати ирсол ба Тоҷикистон 63,2 млн танга (153 ҳазор доллар) ҷудо мекунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ норозигӣ изҳор намуда, хотиррасон карданд, ки ҳозир “вазъият хеле бад буда, ба худи ҷумҳурӣ кумак лозим аст”.

Дар навбати худ дар Вазорати танурустӣ қайд карданд, ки кумак ба дигар кишварҳо таҷрибаи маъмул дар саросари ҷаҳон аст.

“Ҳозир ҳама давлатҳо ба ядигар кумак мекунанд ва мо низ дар канор намемонем. Пештар аллакай ба дигар кишварҳо кумак кардем. Айни замон ҳукумати Қазоқистон масъалаи то охири сол расонидани кумаки башардӯстона ба Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои нафасиҳии сунъӣ баррасӣ дорад. Ин ҷо сари пурра муҷаҳҳаз гардонидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ сухан меравад, яъне ин дастгоҳҳо баро интиқоли беморон истифода бурда мешаванд”, – гуфтааст Бюрабекова.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон зикр кардааст, ки чунин дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ дар вилояти Акмолински ин кишвар истеҳсол мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози пандемия Қазоқистон аз Русия, Чин, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо кумаки башардӯстона гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.