Филмҳои “Ҳаворӣ-2019” ва “ШӯрH2О” ба ҷашнвораи Севастопол роҳхат гирифтанд

16-умин синамобазми “Бо ҳам пирӯз шудем” («Победили вместе») дар шаҳри Севастополи Русия аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз даъватиёни он Далер Имомалӣ иттилоъ дод, ин кинофестивал бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нимаи моҳи май баргузор мешуд, аммо аз сабаби шуюъи бемории COVID-19 ба […]

Asia-Plus

16-умин синамобазми “Бо ҳам пирӯз шудем” («Победили вместе») дар шаҳри Севастополи Русия аз 27-уми август то 4-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз даъватиёни он Далер Имомалӣ иттилоъ дод, ин кинофестивал бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нимаи моҳи май баргузор мешуд, аммо аз сабаби шуюъи бемории COVID-19 ба санаи нав мавқуф гузошта шуд.

Вай афзуд, ки аз Тоҷикистон имсол 2 филми мустанад ба ин ҷашнвора роҳхат гирифтанд.

Дар бахши озмунӣ филми коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ “Ҳаворӣ-2019” намоиш дода мешавад. Он аз зиндагии марди рустабори муқими шаҳри Душанбе қисса мекунад, ки ҳоло макони зисташ зери кӯпруки марказии пойтахти Тоҷикистон аст. Ин филм соли 2019 дар доираи дарсҳои омӯзишии “My Vision” таҳия шуда, аввалин маҳсули коргардонии Шоҳҷамшед Умарӣ ба ҳисоб меравад.

“ШӯрH2О” филми дигарест, ки дар бахши муаррифии “Осиё ва Аврупо”  ғайриозмунӣ иштирок мекунад. Коргардонҳои филм Дилошӯб Орифзода ва Далер Имомалӣ мебошанд. Филми мазкур аз зиндагии сокинони шаҳраки Шӯроби Исфара қисса мекунад, ки ҳоло мушкили асосии онҳо камбуди об мебошад. Ин филм аз ҷониби дафтари“Интернюс” дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва дар студия “Art-Vision” таҳия шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.