Дар АМА ба гумони даст доштан дар қатли Сулим Ямадаев шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид

Date:


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба гумони даст доштан дар қатли

 

собиқ фармондеҳи баталони махсуси «Восток» Сулим Ямадаеви 34-сола шаҳрванди Тоҷикистон – Мақсудҷон Исматов боздошт гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашмаи воломақом аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ дод.




Таъкид гардид, ки маълумоти мазкур аз Консулгарии генералии ҶТ дар АМА дастрас шудааст.



Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти хабаргузориҳои Русия, аз рӯи ин парванда ҳамчунин шаҳрванди Эрон – Маҳдӣ Лорния низ ба ҳабс гирифта шуда, боз 4 нафар гумонбаршудагон аз ҷониби Интерпол мавриди бозҷӯии байнулмилалӣ эълон шудаанд.



Тафтишот то кадом андоза даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кушторро ошкор хоҳад кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...