Шаҳрдории Душанбе: Кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби коронавирус кор намекунанд

Муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро зимни нишасти матбуотии имрӯза чунин изҳори назар кард. “Кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ба кор дароварда намешаванд”, – гуфт ӯ. Ҳамро шарҳ надод, ки чӣ гуна кондитсионер метавонад вирусро паҳн кунад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳои зиёди шаҳрвандони пойтахт аз гармии тоқатфарсо дар нақлиёти ҷамъиятӣ […]

Asia-Plus

Муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро зимни нишасти матбуотии имрӯза чунин изҳори назар кард.

“Кондитсионерҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус ба кор дароварда намешаванд”, – гуфт ӯ.

Ҳамро шарҳ надод, ки чӣ гуна кондитсионер метавонад вирусро паҳн кунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоятҳои зиёди шаҳрвандони пойтахт аз гармии тоқатфарсо дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби кор накардани кондитсионерҳо нашр шуданд.

Оё воқеан ҳам аз кондитсионер метавон сироят ёфт?

Бори нахуст дар бораи нақши кондитсионерҳо дар паҳншавии коронавирус пас аз таҳқиқи мутахассисони Чин, ки нақшаи сироятёбиро дар тарабхонаи Ухан таҳқиқ карданд, маълумот нашр шуд.

Тавре ВВС менависад, олимон муайян карданд, ки 9 нафар замоне аз коронавирус сироят гирифтаанд, ки дар мизҳои паҳлӯи кондитсионер нишаст будаанд.

Ба гуфтаи онҳо, вирусро яке аз мизоҷони тарабхона паҳн кардааст, ки худаш қариб ягон аломати COVID-19 надоштааст. Ӯ дар муқобили кондитсионер нишаста будааст. Баъдтар тести 9 нафар шахсоне, ки дар мизҳои ҳамсоя менишастанду бо зан алоқа надоштанд, натиҷаи мусбат нишон медиҳад.

Лекин маводи таҳқиқоти мазкур хеле кам ва дар шароити начандон мусоиди наздик ба озмоишгоҳ (лаборатория) гузаронида шудааст. Аз ин рӯ, аксарияти доираҳои илмии ҷаҳон ба мутобиқат ва асоснокии он шубҳа карданд.

Коршиносон таъкид месозанд, ки кондитсионер худ ба худ интиқолдиҳандаи коронавирус шуда наметавонад, зеро вирус танҳо аз як одам ба одами дигар мегузарад. Аммо низоми кори кондитсионер, мегӯянд онҳо, дарвоқеъ ҳам метавонад майдони сироятро зиёд кунад, агар дар хона шахси бемор бошад.

Ин аз тарзи кори аксрияти кондитсионерҳо вобаста аст, чунки моҳиятан онҳо гардиш (даврзанӣ)-и ҳамон як ҳаворо амалӣ мекунанд.   

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.