Қарз аз маош дар Тоҷикистон то 67 млн сомонӣ расид

Қарзи корфармоёни Тоҷикистон назди кормандон беш аз 67,3 млн сомониро ташкил дода, 20 млн сомониии он тӯли 6 моҳи ҳамин сол ба вуҷуд омадааст. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки масоили вобаста ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии қарздорӣ […]

Қарзи корфармоёни Тоҷикистон назди кормандон беш аз 67,3 млн сомониро ташкил дода, 20 млн сомониии он тӯли 6 моҳи ҳамин сол ба вуҷуд омадааст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки масоили вобаста ба пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии қарздорӣ аз он мудом зери назорати сохторҳои вазорат қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввал Хадамоти нозирот дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғди аҳолӣ нисбати 38 роҳбари корхонаву ташкилот санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 49 ҳазору 176 сомонӣ ҷарима ситонид.

Роҳбари Хадамоти зикршуда Дӯстмурод Муродзода қайд кард, ки зиёда аз 18 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои гуногун саривақт маош нагирифта, ҳамагӣ 131 нафари онҳо ба Хадамот дар ин бора шикоят кардаанд.

“Аксарият метарсанд, ки ҷойи корашонро аз даст медиҳанд, аз ин рӯ, хеле кам ба мо муроҷиат мекунанд”, – изҳор дошт Муродзода. – Мо ҳамеша пайи бартараф кардани ин камбудиҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем”.

Ӯ аз кормандон даъват кард, ки аз сомонаи Хадамот ва саҳифа дар Фейсбук истифода баранд.

Сардори Хадамот инчунин зикр кард, ки қарзҳо ба маблағи беш аз 2 млн сомонӣ аз Агентии омор пинҳон карда шудаанд.

Лекин дар нишасти матбуотии Вазорат аз корхонаву ташкилотҳои аз ҳама бештар қарздор аз пардохти маош маълумот дода нашуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз саривақт пардохт нашудани музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун изҳори нигаронӣ карда буд.

Он замон сарвари давлат ба Вазорати меҳнат ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дастур дода буд, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоят ва шаҳру навоҳӣ оид ба ҳалли масъалаи мазкур чораҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнати ҶТ, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраршуда дертар пардохт карда шавад, вай уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.