Олимони тоҷик харитаҳои нави хатарнокии сейсмикиро таҳия карданд

Date:

Давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи 98 мавзӯъ таҳқиқот гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он 990 кори илмӣ нашр кард. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод.

“Муассисаҳои илмии Академия аз рӯйи 98 мавзӯъ  таҳқиқот гузарониданд, аз ҷумла 57 таҳқиқоти заминавӣ, 23 таҷрибавӣ ва 18 таҳқиқоти заминави-таҷрибавӣ”, – иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра олимони тоҷик дар самти илмҳои математикӣ таҳқиқот гузаронида, дар як қатор самтҳои математикаи заминавӣ ва таҷрибавӣ натиҷаҳои нав ба даст оварданд.

Дар соҳаи сейсомология (зилзилашиносӣ) олимони мо мониторнинг гузаронида, бо истифода аз технологияи навтарини рақамӣ хатарнокии сейсмикӣ дар кишварро арзёбӣ намуданд, – изҳор дошт Фарҳод Раҳимӣ. – Доир ба сатҳи хатарнокии сейсмикии қаламрави Тоҷикистон харитаҳо таҳия шуданд”.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тӯли 6 моҳ кормандони Академия 990 кори илмӣ, аз ҷумла 70 китобу монография, маҷмӯа ва китобчаҳо, инчунин 215 мақола нашр карданд.

Олимон ба 5 патент дар Тоҷикистон, инчунин 4 шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ соҳиб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...